Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи тафтиши шиноснома дар хиёбонҳои Маскав


Раиси идораи умури дохилаи шаҳри Маскав генерал Владимир Пронин ба хотири ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо судури як фармони вижа тафтиши яксараи шиноснома дар пойтахтро манъ кард. Ба гуфтаи Кирилл Шаров, сухангӯи идораи марказии пулиси шаҳри Маскав, оқои Пронин ин фармонро бо тақозои вазири умури дохилаи Русия содир кардааст: "Дар посух ба тақозои вазири умури дохила раиси пулиси шаҳри Маскав Владимир Пронин аз он бахшҳои пулиси шаҳр, ки масъули расидагӣ ба асноди шаҳрвандон нестанд, қатъан талаб кард, ки аз тафтиши яксараи шиносномаи шаҳрвандон худдорӣ намоянд." Вай афзуд, ҳамзамон дар фармон таъкид шудааст, ки ба тафтиши шиносномаи шаҳрвандон танҳо пулиси гаштӣ, ходимони идораи шиносномаву раводид ва хадамоти муҳоҷират масъул ҳастанд.

Гуфтанист, бино ба қонунҳои фаъоли Русия, пулис ҳақ дорад санади афроди шубҳабарангезро тафтиш намояд, аммо дар Маскав воқеъият ин аст, ки ҳар нафаре, ки дар бар либоси пулис дорад, хоҳ дарбон бошад, хоҳ ронандаи пулис, дар хиёбонҳо, макони зист ва кор аз рӯи аломатҳои миллӣ ва ё ба хотири рӯёнидани пул шиносномаи мардумро тафтиш мекунад. Ин амал вокуниши шадиди мардумро ба бор овардаааст. 80 дар сади мардум тайи як назарпурсии маркази афкори оммаи Русия гуфтаанд, аз пулис бим доранд. Бино ба хабари созмони "Муҳоҷират ва Ҳуқуқ", соли гузашта ходимони пулиси ноҳияи Митишии Маскав бо баҳонаи тафтиши шиноснома бо тамаъи пул ба макони зисти муҳоҷирони тоҷик ҳамла оварда ва шаҳрванди 20 - солаи Тоҷикистон Шарифовро ҳалок карданд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос Егор Холмогоров бо истиқбол аз тасмими мақомоти пулиси шаҳри Маскав мегӯяд; "Тафтиши худсаронаи шиноснома ходимони пулисро дар назари мардум ба авбошҳои хиёбонии даврони шӯравӣ монанд кардааст ва ҳама аз онҳо ҳарос доранд." Лозим ба ёдоварист,ки генерал Пронин ду сол пеш бо судури як фармони шабеҳ тафтиши аснод дар хиёбонҳоро манъ кард, аммо шаҳрдории Маскав ба манзури ҷилавгирӣ аз амалҳои терористӣ тақозо кард, тафтиши аснод аз сар гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршинос Холмогоров, тайи ин ҳама тафтишҳои яксараи аснод дар хиёбонҳо як террорист ҳам то кунун боздошт нашудааст.
Муҳамадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG