Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи омор дар ҷустуҷӯи омор


Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ва бунёди атфоли СММ бо тарҳрезии як таҳқиқот мехоҳанд, оид ба вазъи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз қабили сатҳи маргу мири занону кӯдакон, коҳиши фақр, вазъи маорифу беҳдошт, вазъи экологӣ ва дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ арқоми воқеиро ба даст оранд. Амирмуҳаммади Ансорӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мегӯяд, ин дуввумин таҳқиқот дар Тоҷикистон аст, ки дар доираи барномаи ҷаҳонии «Рушди Ҳазорсола»-и СММ гузаронида мешавад. Бахтия Муҳаммадиева, муовини аввали раиси кумитаи омори Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози барномаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин таҳқиқот, рӯшан кардани вазъи иҷтимоии занону кӯдакон, ки табақаи фақиртарин ва ниёзмандтарини ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мегардидаанд, будааст

Дар ҳамин ҳол, Владимир Шигалев, намояндаи СММ оид ба масоили беҳдоштӣ ба радиои Озодӣ гуфт, омору арқоми расмие, ки ниҳодҳои давлатӣ дар даст дорад, на ҳамеша бозгӯи вазъи воқеъӣ аст. Вай мегӯяд, барои ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмакрасон ба мушкилоти иҷтимоии Тоҷикистон ва сармоягузории хориҷӣ, бояд вазъи аслӣ ва воқеъии ҳаёти иҷтимоии аҳолии ин кишвар мӯайян шавад.
Бино ба маълумоти кумитаи давлатии омори Тоҷикистон таҳқиқотии мазкур дуюми сентябр оғоз мешавад ва дар назар аст, моҳи аперли соли 2006 чамбаст шавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG