Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи бемористонҳои рӯҳии Тоҷикистон ба кӯмак


Қодир Юсуфов, сарпизишки амрози рӯҳии вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, вазъи маризхонаҳои рӯҳии кишвар нигаронкунанда аст ва он ба ислоҳоти ҷиддӣ ва маблағгузорӣ ниёз дорад ва аммо маболиғе, ки аз буҷа ҷудо мешавад, нокофӣ буда ҳам на аз рӯи ҳадаф истифода мешавад. Ҷаноби Юсуфов мегӯяд, дармонгоҳҳои рӯҳӣ аз ҷониби ягон созмони байналмилалӣ кӯмаке намегиранд ва аз ин рӯ, сарпизишки бемориҳои рӯҳии вазорати тандурустӣ бо ҷамъи ҳамкоронаш як тарҳе мавсум ба барномаи миллии ислоҳоти соҳаи равонпизишкиро таҳия намудаанд ва дар назар доранд, дар наздиктарин фурсат ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳудудан 42.000 гирифтори амрози рӯҳӣ сабти ном шудааст ва аз нисф бештари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Қодир Юсуфов, сарпизишки бемориҳои рӯҳии вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар Душанбе 15.000 мариз ва боқимонда дар манотиқи дигар ба сар мебаранд. Аммо бо иллати нарасидани маблағ, маводи ғизоӣ ва дорувор, танҳо ҳудуди 500 бемор дар марказ ва дармонгоҳҳои равонпизишкӣ бистарӣ мебошанд. Ҷаноби Юсуфов гуфт, доруворӣ гарон аст ва маъмулан, харҷи беморон аз кисаи наздиконашон аст ва аммо аз буҷа барои як бемор 42 дирам тахсис мешавад. Ва аммо барои табобати як бемор на камтар аз 300 сомонӣ, муодили тақрибан 100 доллари амрикоӣ зарур аст. Тибқи омор, 80 дар сади беморони рӯҳӣ аз оилаҳои камбизоат ва фақир будаанд ва имкони табобат дар дармонгоҳҳои равонпизишкӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG