Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди афғон - маҳкум ба 30 соли зиндон


Додгоҳи шаҳри Душанбе Сайид Муҳаммадқосими Камолиддин, як табааи афғони муқими пойтахтро бо ҷурми куштор, авбошӣ, роҳзанӣ ва ғорати амвол ба сӣ соли зиндон маҳкум кардааст. Муҳаббат Шамсиддинова, додраси додгоҳи пойтахт, ки баррасии парвандаи ҷиноии оқои Камолиддинро анҷом додааст, гуфтааст, ин табааи Афғонистон, ки дар Душанбе ба тиҷорат машғул будааст, ҳамсари худро маҷбур мекунад, то дар ғорати пул ва тилловории падарарӯсаш ба ӯ роҳнамоӣ кунад. Азбаски, хоҳиш ва тақозои мукаррари ӯ аз сӯи ҳамсараш пазируфта намешавад, бо зарби пайопайи корд хонумашро ба қатл мерасонад. Дар пайи қатли ҳамсар, бо зарби корд яке аз хоҳарарӯсонашро ба қатл расонида ва аъзои навраси ин хонавода, Ромини 14 сола ва Покизаи 10 соларо захмӣ мекунад. Танҳо кӯмаки саривақтии табибон ин ду нафари ахирро аз марг раҳоӣ мебахшад. Ба ҳамин тартиб, ин барои бори аввал аст, ки як табааи Афғонистони муқим дар пойтахти Тоҷикистон ба чунин муддати тӯлонӣ аз сӯи додгоҳ равонаи зиндон мешавад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG