Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи дуввуми саросарии ТВ Тоҷикистон


Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, шабакаи дуввуми саросарии телевизиони Тоҷикистон рӯзи нӯҳуми сентябр бо дувоздаҳ соат нашарот дар шабонарӯз ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ӯ гуфт, ин шабака як ниҳоди ғайри вобаста аз кумитаи радио ва телевизони ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд. Ба гуфтаи Асадулло Раҳмонов, шабакаи дуввуми саросарӣ дар марҳилаи нахуст ҳаштод дар сади ҳудуди кишварро фаро хоҳад гирифт. Ва аз аввали соли оянда тавассути моҳвора низ қобили дарёфт хоҳад шуд. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, барои кор ба ин шабака аз ҷумлаи кормандони корозмудаи шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии ғайридавлатӣ даъват шудаанд. Дар мавриди роҳбарияти ин шабака ӯ гуфт, номзадии чанд нафар ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, ки дар ҷаласаи наздики ҳукумат тасдиқ хоҳад шуд. Аз ҷаноби Раҳмонов пурсида шуд, ки шабакаи мазкур ба кадом забонҳо барнома пахш хоҳад кард. Ӯ гуфт, "Шабака фарҳангӣ аст ва он тарғибкунандаи фарҳанг ва забони тоҷикӣ хоҳад буд."
Дар ҳамин ҳол, аз раиси кумитаи радио ва телевизон суол шуд, ки оё то шурӯъи фаъолияти шабакаи нав низомномаи додани муҷаввиз ба телевизонҳо ба тасвиб хоҳад расид? Зеро шабакаи ҷадид ҳанӯз чунин муҷаввизе надорад, ӯ гуфт, шабакаи дуввум бо қарори ҳукумат таъсис шуда ва фаъолият мекунад ва тибқи муқаррароти мавҷуд телевизони давлатӣ ниёз ба муҷаввизи фаъолият надорад. Аммо замоне, ки аз раиси кумитаи радио ва телевизон дар мавриди додани муҷаввизи фаъолият ба шабакаҳои хусусӣ ва қазияи бо телевизони Сомониён пеш омада суол шуд, ӯ гуфт, "Ман дар маҷлиси комиссияи муҷаввиздиҳӣ ваъда кардам, ки панҷ ҳазор сомонӣ қарзе, ки ТВ Сомониён аз вазорати алоқа дорад, мо омода будем, ки аз ҳисоби даромади тиҷориямон пардохт намоем, вале ба ҷои мадоро бо мо, дар васоити ахбор гапҳои дурӯғ паҳн карданд. Мо дар як сӯҳбат гуфтем, ки агар мо гунаҳгор бошем, суд ҳал мекунад. Ҳоло мӯҳтарам Мирзоев ба додгоҳ муроҷиат кардааст."
Аммо посухи ин суол, ки низомномаи додани муҷаввизи фаъолият ба телевизонҳои хусусӣ кай ба тасвиб мерасад, ба касе маълум нест. Ва то тасвиб шудани он гирифтани муҷаввиз барои нашри телевизон як кори номумкин хоҳад буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG