Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай: "Бомбгузорони Лондон ҳеҷ иртиботе бо Ислом надоранд"


Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи сешанбе гуфт, террористоне ба мисли бомбгузорони Лондон ҳеҷ иртиботе бо дини Ислом надоранд ва ҳадафи онҳо танҳо қатли одамон аст. Вай пас аз мулоқот бо Тонӣ Блейр - нахуствазири Бритониё дар Лондон гуфт, он террористон танҳо дар пайи аз байн бурдани ҷони одамон ҳастанд: "Онҳо вақте касеро ранҷ медиҳанд, хушҳол мешаванд, вақте дар Афғонистон сабаби заҷр мегарданд, вақте дар Бритониё сабаби заҷр мешаванд, вақте ки дар ҳама ҷо сабаби заҷр кашидан мешаванд."
Ҳомиди Карзай ба наздикони 56 қурбонии ҳамлаҳои терористии Британия изҳори ҳамдардӣ кард ва ҳамчунин гуфт, афроди шабеҳ ба онҳое, ки амалҳои террористии сангини ахир дар Бритониёро анҷом доданд, пеш аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр ва ҷанги таҳти сарварии Амрико ба Ироқ дар кишвари ӯ солҳои зиёд мусулмононро қатл мекарданд.
Ӯ идома дод, бояд дарк кард, ки ҳеҷ робитае миёни чунин афрод ва Ислом вуҷуд надорад ва қайд намуд, ки Ислом қатли як нафарро қатли тамоми башарият медонад.
XS
SM
MD
LG