Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон фавтидаанд


Дар як нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта шуд, айни замон, беш аз даҳ ҳазор маҳбус дар муассисаҳои ислоҳӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар соли ҷорӣ як ҳазору 52 зиндонӣ қабл аз мӯҳлат аз ҳабс озод шуда дар нисбати зиёда аз 5 ҳазору 200 нафари дигар чораҳои сабуккунандаи ҷазо татбиқ гардидаанд. Халифабобо Ҳомидов гуфт, алъон дар баъзе муассисаҳои ислоҳӣ, ки барои 700-800 нафар пешбинӣ шудаанд, беш аз ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд, ки ин ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад ва боиси хурӯҷи бемориҳои сироятӣ гардидааст. Ба иттилоъи ин манбаъ, танҳо дар соли ҷорӣ 35 зиндонӣ бар асари бемориҳои норасоиии масъунияти бадан ва домана ба ҳалокат расидаанд ва теъдоди гирифторон торафт афзоиш дорад.


Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ахиран, ин вазорат тафтиши ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишварро гузаронидааст ва дар фаъолияти аҳзоб камбудиҳои ҷиддиро ошкор кардааст. Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи кишвар аз шумори асл бештар нишон додани аъзои ҳизбҳоро ба унвони далел пеш оварда афзуд, маводи тафтишотии шаш ҳизби амалкунанда 200 саҳифаро ташкил додааст. Вале, гуфт ҷаноби Ҳомидов, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳукумати Тоҷикистон аз чандандешӣ ва бисёрҳизбӣ дар кишвар пуштибонӣ мекунад, ин ниҳод монеъ ба идомаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ нагардид.
Ҳамзамон, Халифабобо Ҳомидов дар мавриди сабтиноми панҷ расонаи хабарӣ дар соли равон хабар дода гуфт, ояндаи наздик нашрияи мустақили сиёсиву ҷамъиятӣ бо номи «Миллат» рӯи чоп хоҳад омад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG