Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои муҳоҷирони тоҷик сайти вижаи интернетӣ боз шуд


Чунин омадааст, дар саҳифаи аслии сайти интернетии legal-club.tj. Сайти мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии "Рушд тариқи интернет" боз шуда он барои муҳоҷирон ва корҷӯяндагон пешбинӣ шудааст. Дар ин саҳифаи интернетӣ метавон кулли иттилоотро оид ба Тоҷикистон, хадамоти муҳоҷиратии ҳукуматӣ, созишномаҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирин ва корҷӯяндагонро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо намуд. Абдулвоҳид Қодиров, барномасози ин сайт гуфт, қаблан, чунин маълумот дар саҳифаҳои дигари интернетӣ дар шакли пароканда вуҷуд доштанд, аммо акнун муҳочирон бе мушкил метавонанд иттилооти заруриро барои худ пайдо кунанд.

Ин портал ҳамчунин "Маркази машваратии меҳнатӣ" ном бурда мешавад. Баробари вуруд ба он дар тарафи чап рӯйхати маълумотро, ки аз сохти давлатӣ, қонунгузории Тоҷикистон, бозори меҳнат, ҷустуҷӯи кор ва ҷустуҷӯи кормандон иборат аст, дида метавонед. Дар ин саҳифа номгӯи ҷойҳои холии кор оварда шудааст, ки дар он корфармоён шарту талаботи қабул ба корро ҷой додаанд. Корҷӯяндагоне, ки ба ин талабот пурра ҷавобгӯ ҳастанд, метавонанд ба нишонии корфармо тариқи ин портал дар тамос шаванд ва ё баръакс, корҷӯянда шарҳи ҳоли худро дар сайт мегузорад ва дар сурати пайдо шудани ҷои кори мувофиқ ба ӯ хабар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG