Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаш моҳи гузашта беш аз 750 кило маводи мухаддир мусодира шудааст


Файзулло Абдуллоев, муовини аввали сарвари оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ, рӯзи ҷумъа 15 июл гуфт, дар зарфи шаш моҳи ахир бар асари баргузории 24 амалиёти муштарак бо хадамоти махсуси кишвар ва Афғонистон беш аз 750 килограм маводи мухаддар аз гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар кашфу мусодира шудааст. Ӯ гуфт, мизони қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо таҳти ҳифозати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гузаштани манотиқи марзӣ коҳиш ёфтааст. Ӯктам Тошматов, сардори ситоди оҷонсӣ омили асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли мухаддарот аз Афғонистон ба Тоҷикистонро дар ҳамкории фаъоли мақомоти масъули Афғонистону Тоҷикистон донист.
"Робитаҳои мо бо Афғонистон мустаҳкам шуда истодааст. Мо ҳоло дар се минтақаи ин кишвар - Бадахшон, Кобул ва моҳи июн намоянджагии мо афсарони алоқа дар Қундуз ифтитоҳ ёфт. Бо вазорати корҳои дохилии Афғонистон якчанд амалиёти муштарак гузаронидем, ки дар натиҷа беш аз 110 килограм героин ва аслиҳаи зиёд мусодира гардид."

Файзулло Абдуллоев, муовини аввали сарвари оҷонсӣ гуфт, нобуд кардани 40 дар сади майдонҳои кишти нашъаи Афғонистон яке аз илали аслии кам интиқол шудани мухаддарот ба Тоҷикистон аст. Ва дар ҳамин ҳол, Ӯктам Тошматов, сардори ситоди ин оҷонсӣ мегӯяд, теъдоди нафароне, ки ба хариду фурӯши нашъа дар дохили кишвар сарукор мегиранд, ду маротиба афзуда ва парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи қочоқбарон то 11 карат бештар боз шудааст. Ҳамзамон, ба иттилои ҷаноби Тошматов, дар соли ҷорӣ се гурӯҳи муташаккили қочоқбаре, ки равобити байналмилалию минтақавӣ доштаанд, дастгир шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG