Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истгоҳи муосири нақлиёт дар Қӯрғонтеппа


Дар як канори шаҳри Қӯрғонтеппа, дар масоҳати ду гектар қитъаи замине, ки қаблан санглох ва бекорхобида буд, терминол ё истгоҳи нақлиёти мусофирбари мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуд. Саймуҳриддин Сайфов, раиси ширкати «Баҳор», ки маблағгузорӣ ва бунёди терминоли мазкур аз сӯи ширкати мазкур сурат гирифтааст, гуфт, сохтмони терминол дар якуним соли пеш шурӯъ шудааст. Ҷаноби Сайфов маблағи харҷ ҷиҳати бунёди истгоҳи нақлиёти мусофирбарии муосир дар шаҳри Қӯрғонтеппаро нагуфт, вале изҳор дошт дар ин маврид аз сӯи ҳеҷ кадом як созмони байналмилалӣ ва ё дохилӣ кӯмаки молӣ нагирифтааст:
"Истгоҳи нақлиётӣ дорои толори истироҳати мусофирон, се хазинаи чиптафурӯшӣ¸ ҳафт нуқтаи телефонҳо бо тамоси байналмилалӣ, нуқтаи маълумотдиҳӣ ва як нуқтаи танзими нақлиёт, ҳуҷраи модару кӯдак, меҳмонхона, ошхона, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, хонаи истироҳати ронандагон ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ мебошад."
Феълан дар ҳудуди терминол теъдоди зиёди мағоза, тарабхона ва дигар нуқоти хизмат ба мусофирон бунёд шуда ва омодаи ифтитоҳи расмии ин маркази танзими нақлиёти мусофирбарии минтақа мебошад. Ифтитоҳи расмии терминоли нақлиёти мусофирбари ҷадид дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзҳои ахири ҳафтаи ҷорӣ ба нақша гирифта шуда ва ширкати Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG