Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми нахустин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг


Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг ва ё вазнбардорӣ, ки дар қасри варзиши «Меҳнат»-и пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ба поён расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ вазнбардорони шаҳри Хуҷанд натоиҷи хуб ба даст оварда, соҳиби шаш ҷоизаи аввали мусобиқа шуданд. Фурқат Абдуллоеви хуҷандӣ, ки дар вазни 82,5 кило дар се навъи пауэрлифтинг дар маҷмӯъ 680 кило вазн бардошта, мақоми аввалро ишғол кард, ғолиби мутлақи мусобиқа эълом шуд. Ҳамчунин, варзишгарони Хуҷанд - Рустам Усмонов дар вазни 52 кило, Бобоҷон Ҳоҷибоев дар вазни 56 кило, Аъзам Тоҳиров дар вазни 60 кило, Мурод Алиев дар вазни 67,5 кило ва Ғуфрон Юнусов дар вазни 100 кило муваффақ ба дарёфти унвони нахустин қаҳрамони пауэрлифтинги Тоҷикистон гардиданд. Се варзишгари Душанбе, Муҳаммад Азимов дар вазни 75 кило, Аҳтам Самиев дар вазни 90 кило ва Фирӯз Нуров дар вазни то 110 кило бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Толеъ Холназаров, раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати зӯртарин вазнбардорони тоҷик дар ҳайати тими мунтахаби пауэрлифтинги Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли равон дар штати Флоридаи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG