Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба Додгоҳи Олӣ ирсол шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро ба анҷом расонида, онро ба додгоҳи олии Тоҷикистон фиристодааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи Олии кишвар ба қайд гирифта шудани парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Додгоҳи Олиро тасдиқ кард. Ширинмоҳ Ибронова, вакили мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз рӯи ҳашт модда айбдор мешавад. Додситонии кул Искандаровро дар терроризм, бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, ғайриқонунӣ доштани муҳофизони шахсӣ, тасарруфи амволи давлатӣ, нокифоягӣ дар иҷрои вазифа ва сӯиистифода аз мансаби давлатӣ гунаҳкор менамояд. Аъзам Бадриддинов, вакили дигари мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров гуфт, ҷаноби Искандаров ҳеҷ яке аз ин айбҳоро напазируфтааст ва худро бегуноҳ мешуморад.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ сарвари идораи «Тоҷикгаз» моҳи декабри соли гузашта дар Маскав боздошт ва дар авоили моҳи апрели имсол озод гардида буд. Ва аммо пас аз чанд рӯзи раҳоӣ, шаби 15 - уми апрел Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба таври асроромез аз Маскав ғайб зад ва баъд аз нӯҳ рӯзи ин воқеа, додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом дошт, ки Искандаров дар боздоштхонаи Вазорати амният ба сар мебарад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG