Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раштро аз мина тоза мекунанд


Тайи ду моҳи ахир танҳо дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ҳудуди бист бомбаи кассетии ҳавопаймоӣ, як мушак ва ду мина кашф ва безарар гардонида шудааст. Зафар Ҳомидов, сарвари як гурӯҳи минрубони маркази минрӯбии Тоҷикистон бо ибрози ин матлаб ба радиои Озодӣ гуфт, набуди харитаи майдони минагузоришуда аз мушкили рақами яки онҳо мебошад. Зафар Ҳомидов аз кӯмаки сокинони деҳаи Шул дар ёфтани бомбаҳои кассетии ҳавойпаймоӣ, ки аз замони ҷанг мерос мондааст, қадрдонӣ намуд ва гуфт, бо мадади аҳолӣ соли гузашта як чунин бомбаи дигар дар Ҷиргатол ва даҳҳо бомба дар ноҳияи Рашт кашф ва безарар карда шуданд.


Гуфтанист, то имруз дар кӯҳи минкоришудаи Шул бар асари бархӯрд бо мин як нафар ҳалок ва як писарбачаи дигар аз ҳар ду пои худ маҳрум гаштаааст. Минаҳо даҳҳо сар чорвои калону майдаи мардумро куштаанд. Сокинони ин мавзеъ дар бештари маворид ба иллати набуди майдони алаф хӯрокаи зимистонаи чорворо аз деҳкадаҳои дигар харидорӣ мекардаанд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ манотиқи гуногуни водии Рашт аз тарафи нерӯҳои мухолифин ва қувваҳои ҳукуматӣ минкорӣ шуда буданд ва соли дуввум аст, ки чор гурӯҳи безарарсозӣ маркази минрубии Тоҷикистон дар ин минтақа машғули тоза кардани майдонҳои минкоришуда мебошанд. Тибқи омори маркази минрубии Тоҷикистон, танҳо дар ҳудуди ноҳияи Рашт 10 сокини маҳаллӣ дар минаҳо таркида ва ҷони худро аз даст додаанд ва 21 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд&
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG