Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми халиҷи Форс насиби тирандозони тоҷик шуд


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ дар шаҳри Бандараббоси Эрон соҳиби Ҷоми халиҷи Форс гардид. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки бо ширкати варзишгарони панҷ кишвар - Эрон, Баҳрайн, Уммон, Қатар ва Тоҷикистон баргузор шуд, Сергей Бабикови душанбегӣ дар тирандозӣ аз туфангча бо 572 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Марат Абдукаримов, тирандоз аз шаҳри Хуҷанд, бо 569 хол мақоми дуввум ва Олег Набиев, варзишкор аз шаҳри Душанбе, бо 564 хол мақоми севвумро ишғол намуданд. Ба гуфтаи Фарид Солеҳов, ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик як давраи омодагиҳо ба шашумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ва Ҷоми ҷаҳонӣ дар Алма-Ато маҳсуб мешуд.

Варзишгари дигари тоҷик Сотиболдӣ Ҳаитов дар нахустин Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар шаҳри Тулаи Русия соҳиби медали биринҷӣ шуд. Вай дар давидан ба масофаи 5 километр бо натиҷаи 15 дақиқаю 3,53 сония мақоми севвумро касб кард. Сотиболдӣ Ҳаитов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор сол инҷониб ба ин риштаи варзиш таҳти раҳбарии мураббӣ Соҳибҷон Шарифов шуғл меварзад. Вай имсол мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Турсунзодаро хатм намуд.

Дастаи варзиши сабуки Тоҷикистон дар байни 16 кишвари ширкаткунандаи Бозиҳои варзишии наврасон мақоми 12-умро ишғол карда, аз мунтахаби Арманистон,Озарбойҷон,Туркманистон ва Қирғизистон пеш гузаштааст. Тими мизбон - Русия мақоми аввалро касб кард. Дастаи Украина мақоми дуввум ва мунтахаби Чин мақоми севвумро соҳиб шуданд. Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ дар айни ҳол варзишгарони ҷавони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки аз 9 то 17 июл дар Марокаш баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Олга Герасимова дар давидан ба масофаи 400 метр, Фирдавс Азизов дар давидан ба масофаи 800 метр ва Муҳаммадрасул Ҳалимов дар рақобатҳои гурзандозӣ ҳимоя хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG