Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ рӯзи Ваҳдатро таҷлил кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз миёни созмонҳои сиёсию ҷамъиятии кишвар нахустин шуда рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил кард. Ба ин муносибат, дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзат бо ширкати аъзои он ҷамъомад барпо гардид. Саид Абдуллои Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тариқи телефон аз кишвари Олмон сим зада, аъзои ҳизбро табрик намуд ва гуфт, барои нигаҳдории сулҳи тоҷикон бояд талош варзид, зеро пиромуни роҳҳои ҳимояти он дар ҷомеаи мо кам сухан мегӯянд. Ӯ гуфт, иддае аз дохилу хориҷи кишвар пайдо шудаанд, ки душмани ваҳдати тоҷиконанд ва ҳамеша барои ҷудоиандозӣ саъй доранд. Ба гуфтаи оқои Нурӣ, ин ҳама амалиёти хуб тарҳрезишудаанд, ки дар пай аҳдофи сиёсӣ доранд.
Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси ин Ҳизб гуфт, то ҳанӯз ҳукумат оштии миллиро дастоварди ҷониби худ меҳисобад ва имзои созишномаи сулҳу ризоиятро танҳо ба номи як кас алоқаманд медонанд. Муовини раиси Ҳизби Наҳзат гуфт, сарфи назар аз қазияҳои ахиран сари аъзои он омада ва сарфи назар аз натоиҷи ба қавли ҷаноби Кабирӣ тақаллубшудаи интихобот онҳо омодаанд, гузаштҳои зиёд кунанд. Ва аммо адами шаффофият дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, адолати иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонро аз авомили хатарзо барои ин сулҳ мебошанд, гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пас аз ҳазору яксаду ҳаштод рӯзи ҷанги шаҳрвандӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба тасвиб расидааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG