Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи конфронси байналмилалии муаллимони забони англисӣ дар Душанбе


Ҳудуди дусад нафар омӯзгорони забони англисӣ аз ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар чаҳорумин конфронси байналмилалии муаллимони забони англисӣ, ки субҳи 24 июн дар бинои "Кохи Ваҳдат" дар Душанбе боз шуд, ширкат доранд. Конфронси мазкурро, ки бори аввал дар Душанбе баргузор мешавад, вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, Ричард Ҳоуглэнд расми ифтитоҳ бахшиданд. Вазири маорифи Тоҷикистон низ бо забони англисӣ суханронӣ кард. Мавзӯъи конфронси имсола «Убури кӯҳҳо барои рушди маориф» мебошад. Тӯли се рӯз ширкатдорони кофнронс бо воситаҳои муосиртарин ва тариқаҳои тозатарини таълими забони англисӣ шинос хоҳанд шуд.
Ҳумойюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG