Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё дар Маскав


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узв дар Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё дар Маскав иштирок мекунад. Интизор меравад, сарони Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон роҳҳои расидан ба сиёсати ягонаи молиявии давлатҳои шарикро баррасӣ намуда, дар ин баҳсҳо президенти Арманистон ба сифати нозир ширкат меварзад. Намояндаи Русия гуфтааст, сиёсати ягонаи пулӣ ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии дарозмуддати кишварҳои узв нигаронида шудааст. Мақсад аз ин ҳамоҳангӣ, афзуд ӯ, ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ ва расидан ба мувозанати умумии макроиқтисодӣ дар доираи созмон аст. Намояндаи Маскав инчунин гуфт, сарони давлатҳо таъсири вуруди кишварҳои узв ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва дурнамои як иттиҳоди гумрукиро низ баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон дар Маскав нишасти сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узв дар Паймони амнияти муштарак ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG