Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавҷи таркишҳо дар Эрон 10 кушта ва 75 захмӣ ба ҷой гузошт


Дар таркишҳои пайиҳам дар ду шаҳри Эрон - Аҳавоз ва Теҳрон рӯзи 12-уми июн камаш даҳ нафар кушта ва 75 нафар тан захмӣ шуда, як гурӯҳи ҷудоихоҳи арабтаборони Эрон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст. Тибқи хабарҳо дар ду таркиши шоми якшанбе дар Теҳрон ду нафар ба ҳалокат расидааст. Аммо дар чор таркиш дар назди биноҳои ҳукуматӣ дар Аҳавоз, маркази устони Хузистон дар марз бо Ироқ ҳашт нафар кушта ва зиёда аз 70 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дақиқ нашудааст, ки таркишҳо дар ду шаҳр бо ҳам пайванде доранд ё не. Пизишкон дар Аҳавоз мегӯянд, дар байни қурбониёни таркиш занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Масъулияти ин таркишҳои Аҳавозро, ки як қисми аҳолияшро арабтаборон ташкил медиҳанд, як гурӯҳи арабтабори ҷудоиталаб бар дӯш гирифтааст.
Мақомоти расмӣ гурӯҳҳои мухолифро айбдор мекунанд, ки аз Ироқ вориди Эрон шудаанд ва мехоҳанд вазъи кишварро дар остонаи интихоботи президентӣ ноором кунанд.
Дар ҳамин ҳол президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ дар ҷаласаи фавқулоддаи ҳукумат ба хадамоти амниятӣ супориш дод, ин ҳамлаҳо пажӯҳиш шаванд.
XS
SM
MD
LG