Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари гурӯҳи муташаккили қочоқбар


Ислом Бекишев - сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони хадамоти амнияти Қазоқистону Русия ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар Алмаато раҳбари гурӯҳи ҷиноии муташаккили байналмилалӣ боздошт гардида, аз маҳалли зисти вай 67 кило ҳероин, 217 кило афюн, 583 адад доруи дорои маводи мухаддир, 3 адад силоҳ ва ҳуҷҷатҳои интиқоли пул кашф ва забт гардид.
Оқои Бекишев афзуд, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ муддати мадиде ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Қазоқистону Русия машғул будааст. Моҳи марти соли равон ду нафар узви ҳалқаи чимкентии ин гурӯҳи ҷиноии муташаккил боздошт ва аз онҳо 36 кило ҳероину 238 кило афюн кашф ва забт шуда буд. Баъди ин ба гуфтаи оқои Бекишев, боз ду қочоқбари маводи мухаддир ба даст афтоданд, ки яке мехост 29 кило ҳероину 30,5 кило афюн ва дигаре 1 кило ҳероинро ба Русия бубаранд. Ҳамчунин бо кӯшиши кормандони хадамоти амнияти Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе яке аз интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ва дар шаҳри Новосибирск фурӯшандаи ин маводи марговар боздошт гардиданд.
Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазокистон доир ба ҳуввияти шахси боздоштшуда иттилое пахш накардааст, аммо бархе аз манобеъ ӯро шаҳрванди Тоҷикистон гуфтанд. Вале ин иттилоъро дар сафорати Тоҷикистон дар Алмаато бепоя хонданд.
Чанд рӯз қабл дар истгоҳи Меркеи Қазоқистон кормандони гумрук аз чаҳор мусофирзани тоҷикистонӣ, ки бо қатори Бишкек-Маскав ҷониби Русия равона буданд, низ анқариб 27 кило ҳероинро кашф ва забт намуданд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG