Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду бародари тоҷик дар Маскав


Намояндаи додситонии шаҳри Маскав Сергей Марченко ба Радиои Озодӣ гуфт, нуҳӯми июн аз як манзили хиёбони Артюхин, воқеъ дар ҷануби шаҳри Маскав ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон ошкор карда шуд. Ӯ афзуд: "Яке аз кушташудагон Ориф ном дорад ва дигаре Амонулло. Онҳо бародаранд, яке 33 сол дорад ва дигаре 23 сол."
Намояндаи додситонӣ тавзеҳ кард, дар гардан ва шиками яке аз бародарон захми корд мушоҳида шудааст, сабаби марги бародари дигар таҳқиқ мешавад.
Дар ҳамин ҳол оҷонси ИТАР-ТАСС хабар додааст, ки ташхис муайян кардааст, ки яке аз мардҳо кушта шудааст, дигарӣ раги дасти худро буридааст. Хабаргузорӣ гуфтааст, ки дар ҳодиса ҷанҷоли хонаводагии кушташудагон истисно нест, вале ҳамзамон ривояти ҳамлаи ғоратгарона ба хона ҳам тафтиш хоҳад шуд, зеро ба ҳангоми омадани пулис дари хона боз будааст.
Додситонии ҳавзаи ҷанубии шаҳри Маскав хабар додааст, ки дар робита ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон бо қазияи куштор парвандаи ҷиноӣ боз кард ва бозрасӣ идома дорад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG