Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 медали самбочиёни тоҷик дар чемпионати Осиё


САМБО. Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд 16 медал ба даст овард. Бино ба иттилоъи Маҳмуди Абдулло, дабири кулли федератсияи самбои Тоҷикистон дар ин мусобиқот беш аз 300 гуштигир аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Паҳлавонони тоҷик Фирӯз Абдуллоев, Сӯҳроб Раҳимов, Акбар Фарҳодов ва Санҷар Сарфарозов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ соҳиби мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқот шуданд. Саидмурод Одинаев, Илҳомиддин Алиев ва Зиёратшоҳ Баротов бо медали нуқра, Сӯҳроб Бердиев ва Фарҳод Акбаров бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар рақобатҳои гуштигирони наврас низ самбочиёни ҷавони тоҷик Руслан Эктов, Алишер Азимов, Рустам Қодиров, Ҳотам Ашӯров, Сӯҳроб Бердиев, Далер Мусофиров, Абдумалик Лайлиев ва Сулаймон Файзов муваффақ ба дарёфти мақоми севвум ва медали биринҷии мусобиқот шуданд.
ТЕННИС. Дар аввалин ҷаласаи кумитаи тадорукоти нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон низомномаи ин мусобиқа тасдиқ шуд. Бар асоси он, барои ширкат дар мусобиқаи мазкур, ки аз 2 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, теннисбозони навраси синнашон то 12-сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин аз Эрон, Чин, Ҷопон, Русия ва Фаронса даъват шудаанд. Ғолибони мусобиқа байни писарон ва духтарон бо мукофотпулӣ ба маблағи 1000 - долларӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба теннисбозоне, ки мақоми дуввумро ишғол мекунанд, 800 доллар ва ба онҳое, ки мақоми севвумро соҳиб мешаванд, 600 доллар тақдим хоҳад шуд.
ФУТБОЛ. Дар аввалин бозиҳои марҳилаи дуввуми мусобиқот барои дарёфти ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 11 июн «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Фархор»-и Фахрор,»Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «ХИМА»-и Душанбе ва ЦСКА-и Душанбе бо «»Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунанд. Бозии СКА «Помир»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи якшанбеи 12 июн баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG