Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав ҳукми боздошти Ҳабиб Насруллоевро таъйид кард


Додгоҳи шаҳри Маскав дархости аз боздошт раҳо кардани Ҳабиб Насруллоев, раиси пешини ширкати Тоҷикматлубот ва аз фармондеҳони собиқи Фронти Халиқиро радд намуд. Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Насруллоев, идомаи боздошти нафари таҳти ҳимояташро беасос номида гуфт, аз ин қарори додгоҳи Маскав ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят хоҳад бурд.

Ҳабиб Насруллоев бо дастури додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи августи соли 2003 дар шаҳри Маскав боздошт шуда, инак як соли нӯҳ моҳ аст дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ба Душанбе дар як боздоштгоҳи пойтахти Русия ба сар мебарад.Пештар додгоҳи минтақаи Твери шаҳри Маскав идомаи боздошти Насруллоевро қонунӣ хонда ва додгоҳи ноҳияи Пресня дархости ӯ дар бораи паноҳанда шуданаш дар Русияро радд намуд. Адвокат Анна Ставитская ба ношири ин хабар, ожонсии Интерфакс гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон Ҳабиб Насруллоевро дар нақзи 7 банди қонуни ҷиноӣ муттаҳам мекунанд, ки умдатаринҳояш, ба гуфтаи вай, мушорикат дар куштор, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳ ва хиёнат ба ватан будааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG