Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Фирӯзи Барот дар озмуни Радиои Озодӣ!


Рӯзи сешанбе озмуни Радиои Озодӣ барои беҳтарин гузориш дар бораи ҳаёти ҷавонон натиҷагирӣ ва ҳамкори мо Фирӯзи Барот барандаи ҷоизаи ин озмун эълон шуд. Фирӯзи Барот, хабарнигори барномаи "Ояндасоз"-и бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, ба ин озмун гузоришеро пешниҳод карда буд, ки аз ҳаёти Насиба ном духтараки собиқ хиёбонӣ ҳикоят мекунад. Ин духтар тавонистааст бо кӯмаки як созмони ғайридавлатӣ ҳунари доиразаниро биёмӯзад ва акнун рӯзгори худашу хонаводаашро аз ин ҳунар таъмин мекунад. Гуфтанист, ки аз хабарнигорони барномаи "Ояндасоз", гуфтори махсуси бахши тоҷикии Радиои Озодӣ барои ҷавонон, ду нафар - Фирӯзи Барот ва Ҳумоюни Шаҳриёр - ба даври ниҳоии озмуни Радиои Озодӣ роҳ ёфта буданд.
XS
SM
MD
LG