Пайвандҳои дастрасӣ

Human Rights Watch: Борони тир ва қатли ом дар Андиҷон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч имрӯз гуфт, пахши ошӯбҳо дар Андиҷон таввасути нерӯҳои ҳукуматии Узбакистон баробар бо қатли оми ғайринизомиёни бегуноҳ буд. Дар гузориши тозаи ин созмон таҳти унвони "Рехтани тир мисли борон: Қатли ом дар Андиҷон" омадааст, ҳукумати Узбакистон ҳақ дошт, ҳамлаи гурӯҳеро, ки маҳбасро боз кард ва муассисаҳои ҳукуматиро ишғол намуд, боздорад, аммо мегӯяд Ҳюман Райтс Вочт нақли шоҳидони айнӣ аз он далолат мекунад, ки ҳукумат ҳангоми ошӯбҳо нерӯи беш аз ҳадро истифода карда, сабаби қатли шумори зиёди одамон шуд.
Ҳюман Райтс Вочт мегӯяд, 50 шоҳиди ҳодиса, ки бо онҳо мусоҳиба кардаанд ва шаҳодати пештараи осебдидагон далели он аст, ки ҳукумати Узбакистон ба зидди теъдоди афзуни одамони бесилоҳ қувваҳои барзиёдро сафарбар кардааст.
Алисон Гилл коршиноси Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, ҳанӯз суолҳои бисёре доир ба ҳодисаҳои Андиҷон ва шумораи қурбониёни вуҷуд дорад, вале онҳо саъй кардаанд, то ҳадди мумкин тасвири он ҳодисаҳоро пайдо кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз қавли иддае аз шоҳидони воқеа бармеояд, ки ҳангоми ошӯбҳо нерӯҳои амниятӣ ҷиноятҳои бисёр ва ҷиддӣ кардаанд.
Тибқи гузориши Ҳюман Райтс Вотч, шумори қурбониён аз он чӣ ки ҳукумат мегӯяд, яъне аз 173 нафар бештар аст. Алисон Гилл мегӯяд, бархе аз шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, як гурӯҳи тақрибан 400 нафарии дар ҳоли фирор аз тири нерӯҳои ҳукуматӣ ба замин рехтанд.
Гузориши Ҳюман Райтс Вотч ҳамроҳ бо як идда аз аксҳои хабарнигорон аст, ки дар онҳо издиҳоми зиёди мардум дар майдон, аз ҷумла занону кӯдакон дида мешаванд. Ин созмони дидбони ҳуқуқи башар аз ҳукумати Узбакистон хостааст, таҳқиқи мустақилонаи ҳодисаҳои хунбори шаҳр дар моҳи гузаштаро иҷоза бидиҳад, аммо таври маълум ҳукумати Ислом Каримов ин тақозои ҷомеаи байналмилалиро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG