Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар робита ба боздошти хабарнигор Ҷумъабой Толибов


Ҷараёни таҳқиқи қазияи Ҷумъа Толибов - рӯзноманигори тоҷик, ки аз 24 апрели соли равон дар ноҳияи Айнӣ дар боздошт ба сар мебарад, зери назорати дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҷумъа Толибов, ки ахиран вазифаи мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғдро ба ӯҳда доштааст, дар пайи нашри матолиби интиқодӣ аз фаъолияти додситони ҳамин ноҳия ба гуфтаи муҳофизони ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик, бо дастури додситон боздошт шудааст.
Лутфия Вазирова - корманди шӯъбаи кафолати конститутсионӣ ва ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, онҳо шикоёти пайвандони оқои Толибов ва худи ӯ ба ин ниҳодро ҷиҳати таҳқиқ ба мақомоти зиддахли ҳукумат фиристода ва посух низ дарёфт кардаанд. Намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба наздикон ва худи Ҷумъабой Толибов посух додаанд, ки онҳо ҳақ доранд, ба додгоҳ шикоят баранд ва ин қазияро таввасути додгоҳ ҳал кунанд.
Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки қазияи мазкурро аз оғоз пайгирӣ мекунад, аз додситонии вилояти Суғд дархост кардааст, шароити боздошти Ҷумъа Толибов тағйир дода ва то анҷоми муҳокимаи парванда дар додгоҳ ӯро раҳо кунад. Дар ин дархост чораи ҳабси пешакии Ҷумъа Толибов- падари панҷ фарзанд ноодилона ва ғайриинсонӣ арзёбӣ шудаааст. Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон тасмим гирфтааст, як ҳайъати хабарнигоронро аз пойтахти кишвар ҷиҳати баррасӣ ва рӯшании бештари қазияи Ҷумъа Толибов ба ноҳия Айнӣ эъзом кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG