Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёде аз Беслан дар Душанбе.


«Мо, ки ин даҳшатро аз сар гузаронидем, дар арафаи солгарди ёдбуди қурбониёни хурдсол, ки дар натиҷаи амали террористӣ ба қатл расиданд, ҳамаи миллатҳо ва давлатҳоро новобаста аз қавму миллат ва мазҳабашон даъват мекунем, ки баҳри ҳифзи кӯдакони тамоми рӯи олам аз терроризм ва барои ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда кушиш намоянд».

Ин порае аз муроҷиатномаи шаҳрвандони Беслан аст, ки дар як чорабинии вижа бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи атфол дар Душанбе қироат шуд. Дар ин чорабинӣ, ки бо мусоидати сафорати Русия баргузор шуд, ҳамчунин барои шаҳрвандони ҷавони тоҷик намоишномаи аксҳои фоҷеаи шаҳри Беслан таҳти унвони “Хатари терроризм ба башарият» барпо гардид. Дар аксҳо лаҳзаҳои қатли бераҳмонаи кӯдакон дар ин фоҷеа инъикос ёфта буд. Александр Драфиев - мушовири сафири Руссия дар Тоҷикистон ҳадафи баргузории намоишро чунин шарҳ дод:

«Ҳадафи аслии ин аксияи мо ҷалби диққати ҷомеа ва созмонҳои байналмилаллии мустақар дар Тоҷикистон ба масоили ҳифзи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон мебошад. Ин на танҳо иди кудакон аст, балки ба мо калонсолон ,ки ҳимоягарӣ ҳуқуқи кудакон ва таъмингарӣ шароити хуб барои онҳо ҳастем имкон медиҳад, ки ба ин ҷашнвора аз диди дигар назар андозем. Терроризми байналмилалӣ на танҳо ба насли калон таҳдид мекунад балки кудакон низ дар хавф ҳастанд ва бинобарин зарур аст, ки ҳама кишварҳои ссулҳдуст муттаҳид гашта, баҳри мубориза ба терроризм қувваи худро равона созанд.»

Дар ҳодисаи Беслан рӯзи 1 сентябри соли 2004, беш аз 1700 тифл ба ҳалокат расида буд. Аз намоишгоҳ аксаран ҷавонону наврасон дидан мекарданд ва мегуфтанд, ки мехоҳанд бо чашми худ лаҳзаҳои ин фоҷиаро бубинанду иттилои бештаре пайдо намоянд:

«Ин дард дарди тамоми инсоният аст бовар кунед ҳар як акса мебини ҷигари одам об мешавад,дар ҳар як акс як қам як андуҳ ҳаст,ки суханҳо ҳам қудрати ин ҳамун дард ҳа мун таасурота додан надорад»
«Мо бояд ҷавонони имрӯза дар бораи терроризм бештар омӯзему аз хатарҳое,ки аз ҷониби террористон ба мо шуданаш мумкин бояд худро эмин нигаҳ дорем.»


Аммо ин навраси мусоҳибам ки баъди тамошои аксҳо хеле нороҳат шуда буд, гуфт:

«Ман дар ин ин суратҳоро дидам, бисёр дилам месӯзад, ба инҳо раҳмам омад, медонам, ки ин кӯдакоро бисёраша куштагианд, онҳоро террористон заложник гирифта кушта буданд. Террористон ҳам бояд ин тавр накунанд онҳо бояд дилсӯз бошанд нисбати кӯдакон ва қасдашонро аз кӯдакон нагиранд »


Намоиши аксҳои «Хатари терроризм ба башарият» як ҳафта давом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG