Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакилони Искандаров аз набуди имкони мулоқот бо ӯ


Вакилони дифоъи Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз надоштани имкони мулоқоти хос бо ӯ шикоят карда, мегӯянд, аз рӯи қонун онҳо ба чунин вохӯрӣ ҳақ доранд.
Аъзам Бадриддинов яке аз ду вакили мудофеъи Искандаров гуфт, барои дарёфти иҷозаи мулоқоти як ба як бо муштарии худ борҳо ба додситонии кул муроҷиат намудааст, вале то кунун дар ин замина посухи мусбат нагирифтааст. Вакили дигари боздоштшуда, Ширинмоҳ Ибронова ба радиои Озодӣ гуфт, Искандаров ба пайнавишти бозпурсии аввали худ имзо нагузошт ва мегӯяд, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба машварати вакил ниёз дорад. Вакилон мегӯянд, ҳамагӣ як бор, рӯзи 30-юми апрел тавонистаанд, бо Искандаров танҳо ба танҳо мулоқот кунанд. Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ сарвари идораи гази Тоҷикистон дар миёнаи моҳи апрели соли равон тавассути гурӯҳи номаълум ба таври асроромез аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва феълан бо айбномаи иқдоми терррористӣ, кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва сирқати амволи давлат дар боздоштгоҳи Вазорати амнияти Тоҷикистон ба сар мебарад.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG