Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисоси 27 миллион доллар барои мубориза алайҳи СПИД дар Осиёи Марказӣ


Бонки Ҷаҳонӣ ва вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ҷиҳати мубориза алайҳи СПИД барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 27 миллион доллар кӯмаки бебозгашт тахсис доданд. Рӯзи 12 май дар Алмаато маросими имзои созишномаҳои марбута баргузор гардид. Созишномаҳоро аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ Крис Лавлейс - сарпарасти раиси минтақавии ин ниҳоди байналмилалии молӣ ва аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ Абдунабӣ Сатторзода - муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имзо карданд.
Оқои Сатторзода ин воқеаро барои кишварҳои Созмони Ҳамкории Осиёи Марказӣ чун рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуд ва гуфт, ёрии ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва Британияи Кабир барои коҳиши паҳншавии вируси норасоияти масъунияти бадан ва бемории СПИД нақши умда хоҳад бозид.
Ба гуфтаи Тилек Мейманалиев - раиси лоиҳаи мубориза алайҳи СПИД дар Осиёи Марказӣ ин бемории кушанда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат паҳн мешавад. Тибқи арқоми расмӣ, гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан дар минтақа дар соли 2000 ҳамагӣ 500 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, ин рақам дар соли 2004 ба 12 ҳазор нафар расид. Вале шумораи бемороне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, бар пояи ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ба беш аз 90 ҳазор нафар мерасад. Дар Тоҷикистон шумори гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан, ба гуфтаи Аъзам Мирзоев - раиси Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи СПИД қариб чаҳор маротиба афзуда, ба зиёда аз 300 нафар расидааст.
Акнун дар чаҳорчӯби лоиҳаи мубориза алайҳи СПИД Сандуқи мубориза алайҳи ин беморӣ ташкил мешавад ва он барномаҳои гуногуни марбут ба мубориза СПИД-ро маблағгузорӣ мекунад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG