Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Ҳизби Демократ аз сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва як идда созмонҳои байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар ва раҳбарияти вазорати умури дохилаи Русия тақозо кардааст, барои пайдо намудани раҳбари ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мусоидат намоянд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дар канори шаҳри Маскав ба сар мебурд, ба шаби ҷумъа, 15 апрел дар назди хонае, ки иҷора менишаст нопадид шудааст ва то кунун сарнавишти ӯ маълум нест.
Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон нуҳӯми декабри соли гузашта бо тақозои Додситонии Кулли Тоҷикистон таввасути мақомоти интизомии Русия дар шаҳри Маскав боздошт шуда буд. Аммо Додситонии Кулли Русия 3 апрел ӯро аз зиндон раҳо кард ва гуфт, заминае барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистон намебинад ва гузашта аз ин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз давлати Русия дархости паноҳандагӣ кардааст. Раҳматулло Валиев - раҳбари ситоди Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд дар нопадид шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гурӯҳҳое даст доранд, ки аз ибтидо мухолифи раҳоии ӯ аз зиндон дар Маскав будаанд.
Додситонии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки дар гузашта раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" буд, дар терроризм, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG