Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси OSCE -- аз Қирғизистон ба Тоҷикистон


Раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА - OSCE) рӯзи 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Димтрий Рупел, ки ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Словения мебошад, бо сарони Тоҷикистон ҳамкориҳои OSCE бо Тоҷикистон ва ояндаи ислоҳоти демократӣ дар ин кишвари Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳад кард. Рупел аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон мегардад ва президент Раҳмонов гуфтааст, нооромиҳои Қирғизистон мояи ташвиши ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад. Дар Бишкек Рупел ба интихоботи озоду одилонаи президентӣ даъват кард ва гуфт, мақомоти қирғиз гуфтаанд, ҳадафи онҳо низ ҳамин мебошад: "Албатта, ҳама интизори инро дорад, ки интихоботи Қирғизистон дар даҳуми июл аз ҳамаи интихоботҳои гузашта беҳтар хоҳад буд, онгуна ки яке аз ҳамсӯҳбатони ман гуфт, беҳтарин интихобот дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд."
Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон ба думболи эътирозҳои оммавие баргузор мешавад, ки президенти ин кишвар Аскар Оқоевро аз мақомаш барканор карда, ҳукумати навро сари кор оварданд.
Рӯзи чоршанбе Рупел ба Туркманистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG