Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро озод карданд


Мақомоти Додситонии кулли Русия раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ раиси идораи "Тоҷикгаз" Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ дар яке аз маҳбасҳои Маскав ба сар мебурд, рӯзи 3-юми апрел аз ҳабс озод ва аз интиқол додани ӯ ба Душанбе худдорӣ кардаанд.
Ин иттилоъи хабаргузориҳоро вакили ҳуқуқии ҷаноби Искандаров Анна Савитская дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Вай гуфт, Додситонии кулли Русия ба натиҷае расидааст, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистонро дар бораи боздошт ва ба Душанбе интиқол додани Искандаров рад кунад. Савитская беш аз ин тафсилот надод ва ҳамчунин макони феълии ҷаноби Искандаровро ошкор накард.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки тибқи созишномаи сулҳи соли 1997 вазифаи давлатӣ гирифта буд, ба гуфтаи худаш, аз нимаҳои соли гузашта зери фишори мақомоти додситонии Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯ дар моҳи декабри ҳамон сол дар шаҳри Маскав боздошт шуд. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов пас аз ин Искандаровро дар нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ, терроризм ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ айбдор кард.
Аммо Ҳизби демократи Тоҷикистон ин боздоштро ба фаъолиятҳои сиёсии Искандаров марбут дониста, аз президенти Русия озодии ӯро талаб кард. Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон бе сарвари худ ширкат кард ва ягон курсиеро дар порлумон ба даст наовард.
XS
SM
MD
LG