Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феликс Қулов дар мавриди як айбнома бегуноҳ дониста шуд


Додгоҳи Олии Қирғизистон ҳукми бегуноҳии Феликс Қуловро содир намуд. Дар мурофиаи Додгоҳи Олӣ, ки рӯзи 6-уми апрел доир шуд, додгар эълом кард, ки ҳукми додгоҳи низомии Бишкекро аз 7 августи соли 2000-ум дар бораи бегуноҳ донистани Феликс Қулов эътиборнок медонад ва ҳукмҳои баъдиро, ки тайи солҳои 2000-ум ва 2001-ум содир шуда буданд, лағв кард.
Феликс Қулов соли 2000-ум бо иттиҳоми сӯиистифода аз мансаб ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд ва ӯ 5 соли умрашро дар зиндон сипарӣ намуд. Бистучоруми марти соли равон ҳангоми ошӯби мардумӣ раҳбари ҳизби сиёсии " Арнамис " ё Ору номус аз зиндон озод карда шуд ва ӯ муддате ҳамоҳангсози ниҳодҳои қудратии кишвар буд. Ағлаби созмонҳои байналмилалӣ бар он буданд, ки ҳукми Додгоҳи Олӣ дар он вақт ҷанбаи сиёсӣ дошт ва сабаби асосии он хоҳиши ширкати Феликс Қулов дар интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли 2000-ум буд.
Ба пурсиши хабарнигорон дар бораи ширкати вай дар интихоботи раёсати ҷумҳур Қулов изҳор кард, ки инро вақт нишон медиҳад ва агар бегуноҳиаш комилан собит гардад, баъд ба хулосае меояд. Дар мурофиаи дирӯза додгоҳ парвандаи ҷиноии марбут ба фаъолияти низомии Феликс Қуловро баррасӣ кард. Дар даври дигари мурофиа, рӯзҳои наздик парвандаи ҷиноии марбут ба фаъолияти мулкиаш баррасӣ хоҳад шуд.
Насибҷон Амонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG