Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиди Карзай хостори суръат ва вусъат дар бозсохти Афғонистон шуд


Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти серӯзаи кишварҳои кӯмакрасон дар шаҳри Кобул иброз дошт, ки Афғонистон дар се соли баъд аз фурӯпошии ҳукумати Толибон ба таври қобили мулоҳиза пеш рафтааст, аммо бозсохти кишвар бояд бо як стратегияи фарогиртар амалӣ шавад. Вай гуфт, бо вуҷуди дигаруниҳо кишвар ҳанӯз ҳам аз камбизоатӣ, фасод ва кишту парваришу қочоқи маводи мухаддир азият мекашад.
Имсол ширкаткунандагони Анҷумани Тараққии Афғонистон бештар на дар бораи афзоиши кумак, балки дар бораи стратегияи бозсохти Афғонистон табодули назар мекунанд.
Ҳомиди Карзай таъмири шабакаи барқ, низоми обёрӣ ва бунёди роҳҳоро масъалаҳои асосии ҳукумати Афғонистон номид. Сипас ӯ дар бораи зарурати тамрини кормандони вазоратҳои бунёдии Афғонистон ҳарф зад.
Рӯзи шанбе ҳукумати Афғонистон буҷаи имсолаи ин кишварро тасдиқ кард, ки ба 4 миллиарду 750 миллион доллар баробар буда, 93 дар сади онро кишварҳои кӯмакрасон таъмин мекунанд.
Искандари Хоҷамирзода
XS
SM
MD
LG