Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони Хуршеда Султонова муҳокима мешаванд


Додгоҳи ноҳияи Преображенскийи шаҳри Маскав ба баррасии парвандаи ҷиноии пулиси метрои ин шаҳр Борис Коструба, ки тобистони соли гузашта шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Бойбековро захмӣ карда буд, шурӯъ намуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Вадим Сипров - намояндаи бунёди «Общественный Вердикт» ва ё «Ҳукми Ҷомеа», ки ҳамроҳ бо Конуни ҳуқуқии Тоҷикистон ҷараёни бозрасиро таҳти назорат гирифтаанд, хабар дод. Вай гуфт, дар қиболи пулис бо қазияи қасди куштор, суйистифода аз мақом ва нигоҳдории муҳимоти ҷангӣ айбнома эълом шудааст. Сивуякуми июли соли 2004 дар метрои Соколники ҳангоми бозрасии асноди ҳуввият Борис Коструба корманди пулиси метрои Маскав ба даҳони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ба далели надоштани тазкираи иқомат ва ҷаримапулӣ, тир андохт. Бойбеков маҷрӯҳ ва дар бемористон ҷарроҳӣ шуд. Ба гуфтаи намояндаи бунёди "Ҳукми Ҷомеа", Борис Коструба ба гуноҳи худ иқрор кардааст.Вай ҳамчунин хабар дод, ин бунёд ва созмони «Тоҷикистон» барои Рустам Бойбеков вакили додгоҳӣ гирифтаанд ва муроқиби ҷараёни мурофиа ҳастанд.
Ҳамзамон додситони шаҳри Санкт-Петербург Сергей Зайтсев эълом кард, ки бозрасии парвандаи ҷиноии кушандагони Хуршеда Султонова, духтараки 9-солаи тоҷик дар моҳи феврали соли гузашта ба охир расид ва парванда пас аз се моҳ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Вай гуфт, аз ҳашт нафар гумонбарон, дар қиболи як тан аз онҳо, бо қазияи куштор дар заминаи адовати миллӣ парванда боз шудаст. Ҳафт тани дигар ба авбошӣ муттаҳам дониста шудаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG