Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили рӯзи матбуоти тоҷик


Даҳ нафар намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон 11-уми март дар рӯзи таҷлили иди матбуоти тоҷик барандаи ҷавоизи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2004 дар бахши журналистика эълом шуданд. Отамуроди Бекмурод масъули Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон зимни эъломи ин матлаб дар нишасти бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфт, барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ оид ба журналистика соли гузашта 50 нафар қаламкашони тоҷик ба комиссияи махсус мавод пешниҳод карданд.
Отамуроди Бекмурод гуфт, бо қарори комиссия Акбари Саттор - сардабири ҳафтаномаи «Чархи Гардун», Зулфия Атоӣ - сардабири маҷаллаи "Фирӯза", Шарифи Ҳамдампур - сардабири нашрияи "Тоҷикистон" ва Умед Бобохонов муассис ва сардабири нашрия ва хабаргузории «Азия-Плюс» ба ҷавоизи Лоҳутӣ муносиб дониста шуданд.
Ҳамчунин шаш нафар хабарнигор барои иншои силсила мақолот дар мавзӯъҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву таърихӣ ба ҷоизаи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG