Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Тоҷикистон хушксолӣ таҳдид намекунад


Мутахассисони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пас омӯзиши баландкӯҳҳои кишвар эълон доштанд, ки дар баъзе манотиқи он аз 30 ва дар баъзеҳо ҷойҳо то 50 дар сад аз меъёр барф бештар боридааст. Ба гуфтаи онҳо, ин хатари хушксолӣ ва камобӣ дар кишварро дар соли равон аз байн мебарад. Абдурашид Тағойбеков - намояндаи ин марказ гуфт, мутахассисин аз саргаҳи рӯдхонаҳои Яхсу, Қизилсу, Хингоб ва саргаҳҳои дигар дарёҳои Тоҷикистон дидан намуда, сатҳи бориши барфро омӯхтанд.
Бино ба иттиллои Идораи ҳавошиносӣ, барф дар доманакӯҳҳову даштҳо, масалан дар даштҳои Данғара, Шаҳритус ва манотиқи шимоли кишвар низ беш аз меъёр боридааст. Дар ҳамин ҳол тибқи иттиллои ҳавошиносон моҳи март ғайри интизор рӯ ба гармӣ оварда, ҳарорат то 20 дараҷа гарм шудааст, ки дар сурати идомаи он имкон дорад, намии замин, аз ҷумла дар мавзеҳои кишт аз байн биравад. Ҳамин тавр ҳавошиносон интизори бориши зиёди борон дар моҳи апрел ҳастанд ва мегӯянд, дар ин моҳ ҳатто шояд барф ҳам биборад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG