Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев


Дастаҳои футболи «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев роҳ ёфтанд. Ҳарду дар бозиҳои нимниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи ССКА-и Душанбе баргузор шуданд, бар рақибони худ пирӯзӣ ба даст оварданд. Шариф Назаров, сармураббии «Авиатор» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз бозии шогирдони худ изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода қувваозмоӣ кард. Дар ин дидор низ вақти асосӣ бо натиҷаи мусовӣ 1 бар 1 ба анҷом расид. Дар вақти иловагӣ низ ҳисоби бозӣ тағйир наёфт.
Тибқи низомномаи мусобиқа дастаи ғолиб бо задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра муайян гашт. Бозингарони «Хуҷанд» нисбат ба рақибонашон як гол бештар зада, бо ҳисоби умумии 6 бар 5 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ба ин тартиб ду дастаи беҳтарини мусобиқа- «Авиатор» ва «Хуҷанд» ҳарду аз вилояти Суғд, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 10-уми март барпо хоҳад шуд, барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев талош меварзанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG