Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар интихобот


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи сешанбе гуфт, бар асоси натоиҷи муқаддамотӣ, дар интихоботи порлумонии рӯзи 27 феврал дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо касби беш аз 74 дарсади оро баранда шудааст.

Бар асоси маълумоти КМИРТ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба тақрибан 13 дарсади оро ва Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ба 8 дарсади оро соҳиб шудаанд.

Оқои Болтуев ҳангоми нишасти хабарӣгуфт: «Бар асоси натоиҷи интихобот, мандатҳои вакилӣ ба таври зер дар миёни аҳзоб тақсим шуданд: ҲХДТ- 17 ҷой, ҲКТ - 3 ҷой, ҲНИТ - 2 ҷой.»

Оқои Болтуев итилоъ дод, ки 3 ҳизби дигар, Ҳизби Сотсиалист, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал - Демократ садди панҷфоизаи муқарраршударо нагузаштанд ва аз ҳаққи вуруд ба ҳайъати порлумон тавассути ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ маҳрум шуданд.

Оқои Болтуев афзуд, аз рӯи натоиҷи овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои инифиродӣ 32 номзад аз ҲХДТ, 1 нафар аз ҲКТ ва 5 тани дигар аз тариқи худпешбарӣ баранда шудаанд.

Тибқи омори КМИРТ, аз 3 132 072 нафар мардуми воҷиди шароити раъй 2 950 000 нафар дар раъйдиҳӣ ширкат намуданд ва ҳузури раъйдиҳандагон ба таври умумӣ 92,6 дарсадро ташкил додааст.

Раиси КМИРТ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба далели аз 50 дар сад пойин будани раъйи бадастовардаи номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботии Ҳисор, Мастчоҳ ва Ашт рӯзи 13 март даври дуввуми интихобот баргузор мегардад.

Раиси собиқи Маҷлиси Намояндагон Сайдуллоҳ Хайруллоев аз ҷумла бо касби 92 дарсади оро дар ҳавзаи Рашт бар рақибаш аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев (Навид) ғалаба кардааст. Дар 13 ҳавза аз 14 ҳавзаи мавҷуд дар вилояти Хатлон ҳам аъзои ҲХДТ баранда шуда, танҳо дар як ҳавза Абдуҷаббор Шамсов, додситони минтақаи Кӯлоб, ки ғайриҳизбӣ будааст, ғолиб омад. Дар ҳавзаҳои Вахшу Қумсангири ин вилоят руъасои собиқи ин ду ноҳия Саидвалӣ Нуров ва Мусайябшоҳ Назриев пирӯз шудаанд.
Холиқи Сангин, Барот Юсуфӣ, Маҳмуди Шодӣ - Душанбе, Қурғонтеппа, Рашт
XS
SM
MD
LG