Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷеймс Клент - барандаи сабқати тирандозӣ аз Калашников


Дастаи мунтахаби Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон (собиқ ДОСААФ) дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тирандозӣ миёни дастаҳои сохторҳои қудратии ин кишвар ҷойи аввалро ишғол кард.

Бино ба иттилоъи Шариф Азизов, корманди масъули ин созмон, дар ин мусобиқа, ки дар машқгоҳи тирандозии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин дастаҳои сафоратҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса дар Тоҷикистон ширкат карданд. Байни дастаҳо баъди дастаи ғолиб - Созмони мададгори мудофиа дастаи тирандозии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мақоми дуввумро касб намуд. Дастаи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ҷойи севвумро соҳиб шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар тирандозӣ аз автомати Калашников Ҷеймс Клент - корманди сафорати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барандаи мусобиқа эълом шуд. Дар навъи дигари рақобат - тирандозӣ аз туфангчаи Макаров Сергей Бабиков, узви дастаи Созмони мададгори мудофиа муваффақ ба дарёфти ҷойи аввал гашт.

Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шоҳмот байни кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон баргузор шуд. Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати шоҳмотбозон, ҳамчунин дастаи пойгоҳи низомӣ ва нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ширкат доштаанд. Ғолибият насиби дастаи Вазорати дифои Тоҷикистон гашт. Дар рақобатҳои инфиродӣ низ Ҳайдар Каримов, корманди ин вазорат ғолиб омад. Хуршед Бобоев, узви дастаи Вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон ҷойи дуввумро соҳиб шуд. Додохон Махсумов, корманди Вазорати дифоъ ҷойи севвумро ишғол кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG