Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳифзи марзҳои Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилалӣ дархост кардааст, ки барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки нерӯҳои марзбонии Русия онро тарк хоҳанд кард, кӯмак намоянд ва Иттиҳоди Аврупо, ки бо мусоидати он дар шаҳри Душанбе конфронсе бахшида ба ҳимояти марзҳои Тоҷикистон баргузор мешавад, гуфтааст, ин созмон ва СММ зарур медонанд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дархости Тоҷикистон посух бигӯяд ва дар ҳифзи марзи он мадад расонад.
Дар баёнияи Барномаи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳимояти марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводии мухаддир дар Осиёи Марказӣ омадааст, ки бо хуруҷи марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳифзи ин марз заъиф мешавад ва ин ҳамзамон ба қочоқи маводи мухаддир, дигар молу коло ва инсон мусоидат мекунад. Барои ҷилавгирӣ аз қочоқи афзояндаи маводи муххадир аз Афғонистон тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвар зарур аст ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин самт ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар баёнияи созмони мазкур омадааст, ки Иттиҳодияи Аврупо тибқи Барномаи ҳимояти марзҳо ва мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, ки барои он 35 миллион евро ҷудо шудааст, ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG