Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби раиси нави Кумитаи Олимии Тоҷикистон


Баҳрулло Раҷабалиев, сармураббии дастаи мунтахаби тенниси Тоҷикистон ва мудири иҷроияи Федератсияи тенниси ин кишвар дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе, 14-уми феврал баргузор гардид, раиси нави ин кумита интихоб шуд. Раиси пешини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев аз моҳи августи соли гузашта то кунун дар боздошт ба сар мебарад.
Баҳрулло Раҷабалиеви 36-сола, ки дар соҳаи варзиш собиқаи зиёд дорад, дар Тоҷикистон ҳамчун теннисбози моҳир ва мураббии варзида машҳур аст.
Аммо камонкаши машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова аз он изҳори нигаронӣ кард,ки Баҳрулло Раҷабалиев ҳарчанд ба ин мансаб сазовор аст, вале дар натиҷаи интихоботи рақобатӣ ба курсии раиси Кумитаи миллии олимпӣ нанишаст. Вай афзуд, номзад ба мансаби раиси Кумитаи миллии олимпиро Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кумитаи иҷроияи Кумитаи олимпӣ пешниҳод кардаанд,ки ин бар хилофи Оинномаи кумитаи миллии олимпӣ мебошад, зеро ин кумита ташкилоти ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ аст.
Аммо боз ҳам ин мутахассисон умед доранд, ки чун мақомот дар интихоб шудани Баҳрулло Раҷабалиев манфиатдории худро нишон доданд, шояд дар амалӣ шудани барномаи нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ мусоидат намоянд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG