Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар амри сабти номзадии Муҳиддини Кабирӣ


Ҳавзаи интихоботии ноҳияи Файзобод, 55-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар амри сабти асноди номзад ба вакилии парлумон Муҳиддини Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон таъхир кардааст. Муҳиддини Кабирӣ ҳанӯз дар авоили моҳи январ номзадии худро аз ҳавзаи инфиродии ин ноҳия пешбарӣ карда буд.Аммо то кунун ба ҷуз оқои Кабирӣ афроди дигари довталаб дар ин ҳавза сабти ном шудаанд.
Худи Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, то ҳол ба ӯ ҷавоби радд надодаанд ва барояш гуфтаанд, ки асноди ӯ то ҳол дар маърази омӯзиш қарор дорад.
Оқои Кабирӣ мегӯяд, таъхир дар амри сабти номзадии ӯ имкон намедиҳад, ки вай маъракаи таблиғу ташвиқи номзадиашро дар ноҳия шурӯъ кунад: "Ҳанӯз посухи ниҳоӣ надодаанд, ки сабт намекунем, вале масъала ин аст, ки ҳарифи ман маъракаи таблиғу ташвиқро шурӯъ кардааст. Ҳавза хеле бузург аст ва минтақаҳояш парокандаанд. Вай имкони зиёдтар барои таблиғ пайдо мекунад ва ман - хеле камтар."
Аммо дар Комиссияи Марказии Интихобот изҳор доштанд, ки давраи сабти номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ то 7 феврал идома мекунад ва бо дуруст шудани асноди оқои Кабирӣ, ҳуҷҷатҳояш дар қайд гузошта мешаванд.
Муҳиддини Кабирӣ дар интихоботи гузаштаи парлумон дар ҳамин ҳавза вориди мубориза шуда буд, аммо ба қавли ӯ, вуҷуди тақаллуб дар ҷараёни интихобот ӯро ба шикаст мувоҷеҳ кард.
Дар ҳоли ҳозир, номи оқои Кабирӣ дар рӯйхати Ҳизби Наҳзати Ислом аз тариқи ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ дар ҷои дуввум баъд аз номи Муҳаммадшарифи Ҳимматзода қарор дорад.
Намояндагони ҳизби наҳзат мегӯянд, оқои Ҳимматзода бинобар беморӣ имкон дорад номзадии худро ақиб кашад. Дар он сурат номи оқои Кабирӣ ба ҷои аввали ин рӯйхат хоҳад омад.
Вале худи Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, вай бештар ба мубориза дар ҳавзаи инфиродӣ алоқа дорад. Ӯ мегӯяд, ғалабаи ӯ дар ин ҳавза имкон медиҳад, ки аз ҷониби ҳизби наҳзат як нафари дигар ба парлумон роҳ ёбад.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG