Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиалистҳои Суғд дар саҳнаи интихобот


Бахши Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон(ҲСТ) дар вилояти Суғд 3 нафар аъзои худро аз рӯйхати ҳизбии ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи Маъруфҷон Юсупов, сарвари бахши суғдии ҲСТ, боз асноди чаҳор номзади дигари сотсиалистҳо ба ҳавзаҳои инфиродии интихоботии Суғд ба сифати даъвогари курсиҳои вакилии парламенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Оқои Юсупов дар ин бора мегӯяд: «Аз шаҳри Хуҷанд - Юсупов Муродхоҷа, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Аминов Баҳром, аз ноҳияи Ғончӣ - Мирсаидов Аброр ва аз Истаравшан - Саидов Мирҷалол ба ҳавзаҳои якмандатии интихоботии ин минтақаҳо аз ҷониби бахши ҲСТ дар вилояти Суғд пешбарӣ шудаанд».
Оқои Юсупов афзуд, бахши ҳизби сотсиалист дар вилояти Суғд нафарони довталабашро дар конфаронсҳои минтақавии худ бо роҳи интихоб барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кардааст ва то охир барои ба даст овардани ҷойҳо дар Маҷлиси Намояндагон талош хоҳад кард.
Аммо ба ақидаи Моҳиннисо Ҳорисова, раиси пешини бахши ҲСТ дар вилояти Суғд, ки аз ҷиноҳи сабтиномнашудаи Мирҳусейн Назриев ҷонибдорӣ мекунад, дар пешбарии номзадҳо ба интихоботи парламентӣ байни сотсиалистҳои Суғд ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман имрӯз ба аъзои ҳизби сотсиалист боварии хеле калон дорам. Лекин дар бисёр шаҳру ноҳияҳои Суғд номзадии шахсонеро пешбарӣ кардаанд, ки мисли лӯхтак ҳастанд ва дар ҷараёни интихобот ҷойҳои худро ба намояндагони дигар хоҳанд дод.»
Вале Маъруфҷон Юсупов, лидери сотсиалистҳои Суғд, ин ақидаи Моҳинисо Ҳорисова, сарвари пешини бахши вилоятиро бепоя хонд: «Мо дар конфаронсҳои ҳизбӣ ҳама дар як фикр будем ва ҳастем. Ва ба чунин қарор омадаем, ки дар интихобот фаъолона иштирок мекунем.»
Оқои Юсупов афзуд, номзадҳо аз бахши суғдии ҲСТ дар интихоботи соли 2000 пирӯз нагашта буданд ва аммо дар интихоботи навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то намояндаи худро дар парламенти кишвар ҷой диҳанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG