Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ тақозои генерали зиндониро рад кард


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дархости генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро дар мавриди тағйири шароити боздошти вай дар маҳбас қонеъ накардааст. Баъди муҳокимаи аризаи шикоятии генерал Ғаффор Мирзоев дар вазорати амнияти кишвар бо ҳузури худи ӯ, вакилони мудофеъ, намояндагони додситонии кулл ва додситонии низомӣ, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳукм кардааст, ки дар озодӣ будани Ғаффор Мирзоев барои бурдани тафтишоти қаблӣ халал ворид мекунад ва ҳамчунин иттиҳомоти нигаҳдории силоҳи ғайриқонунӣ ва сӯйистифода аз ҳокимият танҳо ҳабси қаблиро барои ӯ пешбинӣ мекунад.
Қаюм Юсуфов, яке аз вакилони дифои Ғаффор Мирзоев гуфт, нафари зери ҳимояти вай ҳабси қаблии худро ғайриқонунӣ ҳисобида, аз он ба додгоҳ шикоят овард. Оқои Юсуфов гуфт, генерал Мирзоев бар пояи се далел, ки ба гуфтаи худи вай метавонад, дар тағйири шароити ҳабси қаблӣ мусоидат кунад ба додгоҳ шикоят бурдааст: "Дар рафти барқарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон хизматҳои бепоён кардааст. Дуюм вазъи саломатиаш бад аст, саввум мукофотҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор аст."
Ба гуфтаи вакили дифои генерал Мирзоев, ҷониби ҳимоя ва нафари муттаҳам наметавонанд, ин ҳукмро дубора ба додгоҳи сатҳи болотар бикашанд, зеро дар амри додгоҳ омадааст, ки ҳукм дигарбора баррасӣ намешавад. Аз сӯи дигар афзуд Қаюм Юсуфов, дар ҳоли ҳозир вазъи сиҳатии Ғаффор Мирзоев рӯ ба вахомат оварда ва табибони раёсати тандурустии вазорати амният дар зиндон ба муоина ва ташхиси саломатии вай пардохтаанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG