Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се бинокори тоҷик дар Русия


Дар вилояти Тюмен, шимоли Русия 3 бинокори муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо ҷони худро аз даст доданд ва 12 нафари дигар таҳти табобат қарор доранд. Дар ин бора пизишки навбатдори бемористони вилояти Тюмен ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай гуфт, рӯзи душанбе 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо нишонаи заҳролудшавӣ аз хӯрок дар бемористон хобонида шуданд ва се нафари онҳо баъдан даргузаштанд.
Ба гуфтаи табиб, ба ҳангоми пӯхтани хӯрок ошпаз ба ҷойи намак ба ғизо иштибоҳан нитрати натрий андохтааст, ки шабеҳи намак аст ва аслан барои парвариши рустаниҳо истифода мешавад. Вай хабар дод, вазъи саломатии 12 муҳоҷири наҷотёфта рӯ ба беҳбуд дорад ва онҳо дар бемористони вилояти Тюмен чанд рӯзи дигар таҳти табобат хоҳанд буд.
Ҳамзамон Идораи полиси вилояти Тюмен хабар дод, ҳамаи онҳое, ки баъди заҳролудшавӣ ба духтур муроҷиат карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, аз 20 то 30 сол доранд ва ба вилоят барои мардикорӣ омадаанд.
Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳодисаи заҳролудшавӣ ва ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Тюмени Русия омӯхта ва ҷузъиёти он баъдан эълом мешавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG