Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Додситонии нақлиётии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли гузашта ҷасади 422 шаҳрванди Тоҷикистон ба воситаи ҳавопаймо ва қатори роҳи оҳан аз Русия ба кишвар интиқол дода шудааст ва аз эҳтимол дур намедонад, ки бо сабаби гаронии чунин роҳ шуморе аз ҷасадҳо дар қаламрави Русия ба хок супурда шудаанд.
Ёвари додситони нақлиёти Тоҷикистон Икром Мирзошарифов гуфт, тибқи санадҳои расмӣ аз 422 нафар, ки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия будаанд, 108 нафар дар ҳодисаҳои ғайричашмдошт, 138 нафар аз бемориҳо, 34 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва 42 нафар бар асари ҳамла, зарбулат ва куштор ба ҳалокат расидаанд.
Ин шумора пурра набуда, ҷасадҳоеро, ки бо автобус ва ё автомобилҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд, ба он шомил нестанд. Бо вуҷуди ин назар ба соли гузашта, шумораи талафоти ҷонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия назар ба соли 2003 афзоиш ёфтааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG