Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба боздошти Искандаров


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) бо судури як баёния аз боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони нируҳои мухолифини собиқ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёния омадааст, ин гуна иқдомот метавонад ба ҷараёни ниҳодина ва мантиқӣ шудани тарҳи сулҳи Тоҷикистон халал ворид кунад. Муҳиддини Кабирӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар ин робита гуфт: "Барои ҲНИТ сулҳу амнияти кишвра дар мақоми аввал меистад, чунки ин сулҳ хеле ба душворӣ ба даст омадааст. Ва ҳар иқдоме, ки аз ҳар ҷонибе ки сар назанад, агар аз нигоҳи мо тавонад ин сулҳро зери суол қарор диҳад, он ҳатман боиси нигаронии мо хоҳад шуд. Ва ҳизб ҳам нигаронии худро изҳор кард, ки мақомоти қудратӣ, муттаассифона, баъзан раванди сулҳ, натиҷаҳои сулҳо ва бо чӣ душворӣ ба даст омаданашро ба назар намегиранд ва ин мавқеъи ҳизб аст."
Аммо Мирҳусейн Назриев, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар баёни мавқеъи худ, на муҳтотона мисли мақомоти ҲНИТ, балки рӯшантар суҳбат мекунад. Ӯ боздошти Муҳаммдрӯзӣ Искандаровро як иқдоми сиёсӣ арзёбӣ кард ва гуфт: "Боздошти раиси ҲДТ, гумон мекунам, ҷанбаи сирф сиёсӣ дорад. Чунки ин боздошт ҳамагӣ як ҳафта пеш аз анҷумани ҲД сурат гирифт. Ва мо гумон мекунем, ин боздошт ба он равона карда шудааст, ки то андозае ба фаъолияти эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффоф зарба бизанад, то ки ҳамин интихобот низ бо хости дили ҳамонҳое ҳалл шавад, ки пештар ҳам аз чунин интихоботҳо ба фоидаи манфиатҳои худ истифода мекарданд."
Дар ҳамин ҳол, Андрей Шугуров, сарпарасти маркази намояндагии САҲА дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди боздошти оқои Искандаров гуфт: "Дар мавриди боздошти Искандаров ман алакай гуфтам, ки иттиҳомоти ворида ба у ба сурати фавқуллода ҷиддӣ аст. Ва дар ин маврид танҳо як додгоҳи, таъкид мекунам, беғараз ва одилона метавонад тасмим бигирад."
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони аршади собиқи мухолифи давлат ва раиси пешини ширкати миллии "Тоҷикгаз" дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав бо дархости додситонии Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон дар талошанд, то ба истирдоди оқои Искандаров аз Маскав ба Душанбе муваффақ шаванд. Бар асоси қавонини ҷорӣ, ин кор танҳо замоне сурат мегирад, ки ҷониби Тоҷикистион битавонад далоили қонеъкунанда дар мавриди иттиҳомоти ворида ба Искандаровро дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG