Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Маскав


Додситонии кулли Тоҷикистон хабари боздошти раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дар шаҳри Маскав тасдиқ кард, аммо сабабҳои боздошт расман эълон нашудаанд, ҳарчанд худи Искандаров дар сӯҳбати телефонӣ аз маҳбас бо сардабири нашрияи "Чароғи рӯз, Додоҷони Атовулло гуфтааст, ки бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва иттиҳоми терроризму нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ боздошт шудааст. Тибқи хабари ИТАРТАСС Искандаров рӯзи 9-уми декабр дар тангкӯчаи Студений аз тарафи кормандони амниятии Русия дастгир шуд. Вай дар як меҳмонсарои хурд, дар наздикии бозори Люблинои шаҳри Маскав зиндагӣ мекард. Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, мақомоти Русия дар бораи боздошт шудани Искандаров ба додситонии Тоҷикистон хабар додаанд ва гӯё Искандаров дар Маскав бе сабтиноми расмӣ ба сар мебурдааст. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе аз шарҳи айбномаи эҳтимолии Искандаров худдорӣ кард. Хабаргузориҳо мегӯянд, мақомоти Русия ва Тоҷикистон масъалаи интиқоли Искандаровро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Раиси ситоди Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, ин боздошт ҳадафи сиёсӣ дошта, ба интихоботи наздикмешуда пайванд мегирад. Вай афзуд, аъзои ин ҳизб дар номае ба президентҳои Тоҷикистон ва Русия дахолати онҳоро ба ин ҳодиса тақозо кардаанд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар давраи ҷанги Тоҷикистон яке аз фармондеҳони баландпояи Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буда, дар соли 1999 раиси Ҳизби демократ интихоб гардид. Ҳамчун намояндаи оппозисюн раиси ширкати воҳиди Гази Тоҷикистон таъин шуда, як сол пеш аз ин вазифа барканор гардид. Як моҳ пеш додситони кулли кишвар дар як мақолаи муфассал Искандаровро ба нигаҳдошти аслиҳа ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ айбдор кард. Ин дар ҳоле буд, ки вай ба Маскав сафар карда буд ва аъзои ҳизбаш кафолати бозгашти ӯро ба ватан дархост мекарданд.
Абдуқаюми Қаюмзод
Акс аз "Время новостей"
XS
SM
MD
LG