Пайвандҳои дастрасӣ

Абдумаҷид Достиев: Зоиров афсона мегӯяд, Раҳмонов ҳақ дорад боз президент шавад


Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Абдумаҷид Достиев дар дидор бо як ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо масъалаи омодагиҳо ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли ояндаро баррасӣ кард ва гуфт, ваколати маҷлиси амалкунанда дар моҳи феврали соли оянда анҷом хоҳад ёфт, вале то ин муддат интихоботи аъзои нави порлумон дар кишвар баргузор хоҳад шуд. Достиев иддаои раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, ки гуфтааст, мӯҳлати президентии Эмомалӣ Раҳмонов ба поён расида, вай ҳаққи ширкат дар интихоботи навро надорад, чунин гуфт: «Ин зиёдтар аз афсона чизе нест. Ҳарзагӯӣ ман инро мефаҳмам. Мо раъйи мардумро гирифтем, 26-уми сентябр соли 1999 ин қабул шуд. Шашуми ноябри соли 1999 тибқи раъйи аз ҳама ҳукумати баланд, ки ҳукумати халқ аст, президенти кишвар ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб шуд. Зери шубҳа мондани ваколати президент, ба фикри ман зери шубҳа мондани ҳукумати халқ аст.»
Вай афзуд: «Дар ягон ҷо нашунидем, ки Раҳмонов мегӯяд, ман номзадиямро баъди шашум сол мемонам. Вақте ваколатшон тамом шуд, ҳақ доранд, ки боз номзадияшонро монанд. Он ҷо навишта шудааст, ки баъди тамом шудани ваколатҳои президенти амалкунанда амал мекунад. Ин ҳам мисли дигар шаҳрвандони оддӣ, дигар номзадҳо, боварӣ дорам, тайёрӣ дида истодаанд, будагистанд аз ҳар ҳизбҳо номзад ба мақоми президентӣ, ин ҳам агар майл пайдо кунаду ин ҳам мисли дигар шаҳрвандони оддии Тоҷикистон метавонад номзадияшро монанд.»
Тайи бештар аз як моҳи нашри номаи Раҳматулло Зоиров - раиси ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон, ки дар ин нома муаллиф машруияти замони салоҳияти президент Раҳмоновро ба ҳайси раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди 6 уми ноябри соли равон мавриди суол қарор додааст, ин барои бори аввал буд, ки як мақоми баланди давлати Тоҷикистон ба он посух дод.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG