Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон даҳ нафар аз HIV/AIDS фавтидаанд


Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллоев хабари фавти 10 нафарро бар асари сирояти HIV/AIDS тасдиқ намуд ва гуфт мубталои ин мараз роҳи табобат надорад. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон то кунун гирифторони AIDS-ро дар ин кишвар танҳо як нафар нишон медоданд. Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт: «Дар Осиёи Марказӣ инсбат ба минтақаҳои дигари ҷаҳон афзоиши ин беморӣ бештар қайд гирифта шудааст.Аз ин ру Аврупо ба минтақа бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ва дар як нишасте дар Дублин тасмим гирифта шуд ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин роҳ кумаки бештар расонида шавад.» Вай афзуд, хатари беморӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Дар ҳамин ҳол раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, Аъзам Мирзоев мегуяд, ба ақидаи созмонҳои байналмиллалии масоили AIDS va HIV гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистонро 5 ҳазор нафарро ташкил мекунанд. Вай афзуд, гирифторони ин беморӣ дар кишвар шояд аз ин шумора ҳам бештар бошанд. Таҳқиқу баррасӣ ва ташхиси ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳануз 10 сол қабл шуруъ шуда буд. Аммо пас аз расидани 13 ташхисгоҳи HIV аз тарафи Бунёди Глобалӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар соли гузашта имкони ташхиси ҳамаҷонибаи ин беморӣ дар сартосари Тоҷикистон ба даст омад ва шумораи расмии гирифторони HIV аз 119 ба 317 нафар расид. Кормандони Маркази мубориза бо СПИД нодорӣ, танфурушӣ, муътодӣ ба маводи мухаддирро омилҳои густариш ин беморӣ дар Тоҷикистон номидаанд. Вале Мутеъулло Раҳимов корманди Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, шумораи гирифторони HIV/AIDS дар маҳбасҳо низ дар ҳоли афзоиш аст. Вай маҳбаси занона, воқеъ дар Норакро мисол овард.
Намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон мегуянд имруз танҳо ба мадади созмониҳои байналмилалӣ умед доранд. Зеро буҳрони давомдори иқтисодии кишвар имкон намедиҳад, ки аз густариши беморӣ пешгирии ҷиддӣ ба амал ояд. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Крей Виллиам мегуяд ин созмон дар чанд барномаи давлати Тоҷикистон мадад мерасонад, аммо муҳимтарин масъала ин аст, ки давлати Тоҷикистон як стротегияи дақиқи бархӯрд ба ин бемориро муайян кунад.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG